- ғулғула
- [غلغله]1. овозҳои баланди баҳампечида (монанди садои чандин нақораи дар як ҷо ва дар як вақт навохташуда); бонгу хурӯш, ҳаёҳуй, ғалоғула2. шӯру ошӯб; изтироб, талотӯб; ғулғулаи мавҷҳои баҳр талотум карда хурӯшидани мавҷҳои баҳр; ғулғулаи танк ғурроси танк; ғулғулаи ханда гулдуроси ханда; ғулғулаи чапак гулдуроси чапакзанӣ, мавҷи кафкӯбӣ; ғулғула андохтан а) шӯру ғавғо хезондан, ошӯб барпо кардан; б) бо доду фарёд ҷоеро ба ларза даровардан, ҷоеро ба сар бардоштан; в) маҷ. дар ҷое овоза шудан, васеъ паҳн шудан (-и ҳодисае); ғулғула бардоштан мағал бардоштан, ғавғо кардан; ба ғулғула даромадан шӯру ғавғо сар шудан; талотӯб барпо шудан◊ ба дили касе ғулғула андохтан а) касеро ба ҳаяҷон овардан, ба изтироб овардан; б) касеро хавотир кардан; ба дили касе ғулғула афтодан ба изтироб омадан; хавотир шудани касе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.